ошуфтаҳолӣ — [آشفته حالي] мансуб ба ошуфтаҳол; парешонҳолӣ, изтироб, шефтагӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ошуфтаҳол — [آشفته حال] ниг. ошуфтадил ва ошуфтахотир … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
димоғошуфта — [دماغ آشفته] парешонхотир, девонаавзоъ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
парешон — [پريشان] 1. пароканда, дарҳаму барҳам, бетартиб 2. маҷ. ошуфта, мушавваш, ғамгин 3. маҷ. бечора, бенаво, бечиз, камбағал; мӯи парешон мӯи ҷӯлида, пахмоқ; сухани парешон гапи беҳуда, гапи сафсата; хоби парешон хоби бесару нӯг, хоби ошуфта; ҳоли… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
изтироб — [اضطراب] а. ҳаяҷони сахт, беқарорӣ, ошуфтагӣ; бо изтироб дар ҳолати ҳаяҷон, мушавваш; изтироб доштан парешонхотир будан, саросема ва ошуфта будан; ба (дар) изтироб андохтан мушавваш кардан, ба ҳаяҷон овардан; дар изтироб будан дар ташвиш будан;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бесарусомон — [بي سر و سامان] 1. он ки хонаву зиндагии доимӣ надорад, бехонумон, дарбадар 2. ошуфта, беназм, бетартиб 3. ошуфтаҳол, парешонҳол … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бехуд — [بيخود] 1. он ки ихтиёри идора кардани худро аз даст додааст, аз худ бехабар, ниҳоят парешон ва ошуфта 2. беҳуш, мадҳуш, беҳол; бехуд шудан а) беҳуш шудан, аз ҳуш рафтан, аз ҳол рафтан; парешонҳол ва ошуфта шудан; б) маҷ. аз худ рафтан, мағрур… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
саросема — [سراسيمه] ҳаросон, ошуфтаҳол, парешонхотирона; бо шитобу ҳарос; саросема кардан (касеро) а) ба изтироб андохтан; б) шитоб кунондан; саросема шудан ба изтироб афтодан, ошуфтаҳол гардидан; ба ҳарос (талвоса) афтодан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шайдо — [شيدا] 1. ошуфта, шефта, мафтун, ошиқ 2. девона, маҷнун; шайдо шудан ошиқу ошуфта шудан, мафтун гардидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
афтодан — (афтидан) [افتادن // افتيدن] 1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан 2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.) 3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан 4. рехтан, боридан 5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ